Вазири корҳои хориҷии Эрон мегӯяд, дар ҷанги 12 рӯза бо Исроил, зерсохтҳои ҳастаии Эрон "осебҳои ҷиддӣ" дидааст.
Аббос Ароқчӣ шоми 26-уми июн дар як барномаи телевизионӣ гуфт, коршиносони Созмони энержи ҳастаии Эрон зарари расида ба зерсохтҳои атомиро баррасӣ доранд. Ароқчӣ бидуни овардани ҷузъиёти бештар танҳо гуфт, ба ин таъсисот "осеби ҷиддӣ ворид шуд."
Вазири корҳои хориҷии Эрон ҳамчунин гузоришҳо дар бораи музокирот бо Амрикоро рад кард. Аббос Ароқчӣ гуфт, аз замони ҳамлаи Исроил, ягон тавофуқе барои музокира бо ИМА ҳосил нашудааст. Як рӯз пеш Доналд Трамп гуфта буд, намояндагони Амрико ва Эрон ҳафтаи оянда гуфтугӯ хоҳанд кард.
Дар айни замон Трамп гуфт, хоҳиши музокирот дар бораи барномаи ҳастаии Эронро надорад, чун ба гуфтааш ҳамлаҳои Амрико зерсохтҳои ҳастаии Эронро аз байн бурд.
Расонаҳои амрикоӣ бо такя ба манобеи номаълум навиштанд, ки бомборони се таъсисоти муҳим барномаҳои ҳастаии Эронро фақат барои чанд моҳ ақиб андохтаанд. Доналд Трамп ин хабарро рад карда гуфт, ният аз нашри ин гузоришҳо "кӯчак нишон додани яке аз муваффақтарин ҳамлаҳои низомии таърих" аст.
Ҳавопаймоҳои Амрико шаби 21-уми июн ба се иншооти ҳастаии Эрон - Форду, Натанз ва Исфаҳон бомбҳои азиме андохтанд.