Мақомоти Русия мегӯянд, соли 2024 ба ин кишвар бештар аз 6 миллиону 300 ҳазор муҳоҷир омадааст ва аксарияти онҳо аз Узбекистону Тоҷикистон ва Қирғизистон будаанд.
Юрий Коков, муовини дабири Шӯрои амнияти миллии Русия дар мусоҳибае бо нашрияи “Российская газета” гуфтааст, ки бо вуҷуди муҳим будани кори хориҷиён дар Русия онҳо барои кишвар “хатарҳоеро ҳам барои амният вуҷуд меоранд.”
Ӯ ҳеч чизе дар бораи ин хатари ин муҳоҷирон нагуфта, вале афзудааст, ки соли 2024 дар кишвар 700 000 муҳоҷири ғайриқонуниро ошкор карда ва 152 ҳазор нафарро аз Русия берун рондаанд.
Тибқи омори гуногун дар Русия ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Мақомоти тоҷик гуфтанд, ки танҳо соли 2024 беш аз сӣ ҳазор муҳоҷир аз Русия ихроҷ шудаанд.