Дар Тоҷикистон меъёри андози аксиз барои маҳсулоти аз тамоку истеҳсолшаванда, аз ҷумла, сигор ду баробар зиёд шуд. Қарори ҳукумат дар ин бора охири моҳи май тасвиб шудааст.
Бар асоси тартиби нав, минбаъд аз ҳазор дона сигор ё маҳсулоти ивазкунандаи он, 17 евро (195 сомонӣ) андози аксиз ситонида мешавад. То ин вақт аксиз барои ин намуд маҳсулоти тамоку 8,5 евро (97 сомонӣ) буд.
Инчунин минбаъд аз ҳазор дона сигарет 19 евро ( 218 сомонӣ) андози аксиз гирифта мешавад. Қаблан ҳаҷми ин навъ молиёт барои сигарет 9,8 евро (112 сомонӣ) буд.
Ҳукумати Тоҷикистон бори ахир соли 2018 меъёри андози аксиз барои сигор ва сигаретро боло бурда буд. Аксиз молиёт ё андозе аст, ки асосан барои маҳсулоти барои саломатӣ зиёновар пешбинӣ шудааст.
То ҳол дар Тоҷикистон барои машрубот, тамоку ва иртиботи мобилӣ аксиз муқаррар шудааст. Ҳукумат ахиран барои нӯшобаҳои нерудиҳанда ҳам андози аксиз ҷорӣ кард.