Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тими миллии футзали Тоҷикистон бо Ҷопон, Макао ва Камбоҷа бозӣ мекунад


Тими миллии футзали Тоҷикистон бар асоси қуръакашӣ дар мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи “С” бо дастаҳои мунтахаби Ҷопон, Макао ва Камбоҷа рақобат мекунад.

Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) натоиҷи қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми футзали Осиё-2026-ро, ки рӯзи 26-уми июн баргузор шуд, эълон кард.

Дар мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2026 ҳамагӣ 31 даста ширкат меварзад. Аз рӯи натоиҷи қуръакашӣ дастаҳо ба ҳашт гурӯҳ тақсим шуданд: ҳафт гурӯҳ иборат аз чаҳордастаӣ ва як гурӯҳ иборат аз се даста:

гурӯҳи “А”: Кувайт (мизбон), Австралия, Муғулистон, Ҳиндустон; гурӯҳи “В”: Тайланд (мизбон), Кореяи Ҷанубӣ, Баҳрайн, Бруней;

гурӯҳи “С”: Тоҷикистон (мизбон), Ҷопон, Макао, Камбоҷа;

гурӯҳи “D”: Арабистони Саудӣ (мизбон), Ироқ, , Тайван, Покистон; гурӯҳи “Е”: Чин (мизбон), Ветнам, Лубнон, Ҳонконг;

гурӯҳи “F”: Қирғизистон (мизбон), Узбекистон, Тимори Шарқӣ, Фаластин;

гурӯҳи “G”: Малайзия (мизбон), Эрон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Баҳрайн;

гурӯҳи “Н”: Мянмар (мизбон), Афғонистон, Молдив.

Бозиҳои мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2026 аз 20-ум то 24-уми сентябри имсол дар ҳашт кишвар: Кувайт, Тайланд, Тоҷикистон, Арабистони Саудӣ, Чин, Қирғизистон, Малайзия ва Мянмар доир мегарданд.

Ғолибони ҳашт гурӯҳи интихобӣ ва ҳафт дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 27-уми январ то 7-уми феврал дар Индонезия баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG