Каролин Левит, сухангӯи Кохи Сафед, дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки Амрико бо Эрон ва миёнаравҳои он” дар тамос аст ва Аббос Арақчӣ вазири умури хориҷии Эрон ба телевизиони давлатии кишвараш гуфт, дипломатия дар ҷараён аст ва тамосҳо аз тариқи каналҳои гуногун идома дорад.
Ароқчӣ афзуд, ки ҳеч «тавофуқ, барномарезӣ ё гуфтугӯе барои оғози музокироти нав» сурат нагирифтааст. Ароқчӣ гуфт, Эрон дар ҳоли арзёбӣ он аст, ки чӣ ба нафъи манофеи миллии кишвар аст ва афзуд, ки «гумоназаниҳо» дар бораи ин ки Теҳрон ба мизи музокира бозмегардад, «набояд ҷиддӣ гирифта шавад.»
Раиси ҷумҳур Доналд Трамп, ки рӯзи 25 июн дар нишасти НАТО дар Гаага суханронӣ мекард, гуфт Амрико ҳафтаи оянда бо Теҳрон музокироте баргузор мекунад. Шашумин даври гуфтугӯҳои Амрико ва Эрон дар Уммон ба рӯзи 15 июн барномарезӣ шуда буд, вале баъди ҳамлаҳои нерӯҳои Исроил дар рӯзи 13 июн ба Эрон онро лағв карданд.
Ароқчӣ зимни суҳбат дар телевизиони давлатии Эрон тасдиқ кард, ки ҳамлаҳои ҳафтаи гузаштаи нерӯҳои амрикоӣ ба таъсисоти атомии Эрон «осеби қобили таваҷҷуҳе» ба зербунёдҳои атомӣ расондаанд.
Пеш аз изҳороти Аббос Ароқчӣ, рӯзи 26 июн Шӯрои нигаҳбон қарори порлумони Эронро барои боздоштани ҳамкории кишвар бо Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ тасвиб кард. Қарор бо 221 раъйи мувофиқ ва бе ҳеч раъйи мухолиф дар порлумони Эрон тасвиб шуд ва Шӯрои олии амнияти миллӣ бояд дар бораи он тасмими ниҳоиро бигирад. Шӯрои олии амнияти миллӣ расман тобеи раёсати раисиҷумҳур аст, аммо монанди ҳамаи ниҳодҳои асосии Эрон, ба Оятуллоҳ Хоманаӣ посухгӯст.
Исроил рӯзи 13 июн ба марказҳои асосии атомӣ ва низомӣ ва идораҳои давлатии Эрон зарба зад ва ба ҳамлаҳои мутақобилае оғоз гузошт, ки дар онҳо даҳҳо ғайринизомӣ ҳам кушта шуданд. Рӯзи 21 июн Иёлоти Муттаҳида ба се таъсисоти ҳастаӣ - Форду, Натанз ва Исфаҳон ҳамла кард. Даргирии 12-рӯза рӯзи 24 июн бо оташбаси осебпазире поён ёфт, ки бо миёнҷигарии Иёлоти Муттаҳида ба даст омадааст.
Қатъи ҳамкории Эрон бо Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ бад ин маъност, ки Эрон дар бораи фаъолиятҳои атомиаш ба ин созмон дигар ҳеч гузорише намедиҳад, агарчӣ бар тибқи Аҳдномаи Манъи Густариши Силоҳҳои Атомӣ бояд ин корро кунад.
Пеш аз раъйгирии вакилони мардумӣ, Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Намояндагони Эрон оҷонси мазкурро танқид кард ва гуфт, ки он “ҳатто вонамуд ҳам накард, ки ҳамлаҳо ба таъсисоти атомии Эронро маҳкум мекунад” ва афзуд, ки ин ниҳоди тобеи Созмони Милал “эътибори байналмилалии худро фурӯхтааст”.
Бар асоси муқаррарот ва тасвиби Шӯрои нигаҳбон, ба гуфтаи Қолибоф акнун давлат вазифадор аст, қарорро иҷро кунад. Дар ин санад омадааст, ки ҳамкорӣ замоне аз сар гирифта мешавад, ки амнияти марказҳои атомӣ ва донишмандони эронӣ тазмин шавад ва ҳаққи Эрон барои ғанисозии ураниум дар дохили кишвар пазируфта шавад.
Эрон мегӯяд, барномаи ҳастаияш сулҳомез аст ва қасди сохтани бомби атомӣ надорад. Теҳрон муддатҳост, ки Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомиро ба он муттаҳам мекунад, ки тамоюл ба зидди Эрон дорад ва дар ин замина бо қудратҳои ғарбӣ ва Исроил ҳамкорӣ мекунад. Рафаэл Гроссӣ, мудири оҷонсӣ солҳост шикоят дорад, ки Эрон дар таҳқиқи марказҳои пешинаи ҳастаӣ ва эълоннокардаи худ, бо созмони онҳо ҳамкорӣ намекунад.
Қолибоф гуфт: «Созмони Энержии Атомии Эрон ҳамкории худро бо оҷонс то замоне бозмедорад, ки амнияти таъсисоти атомӣ тазмин шавад ва барномаи ҳастаии сулҳомези Эрон бо суръати бештари пеш хоҳад рафт.» Пас аз ин суханон, намояндагони порлумони Эрон «марг бар Амрико ва Исроил» шиор доданд.
Эмануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса, гуфт «бадтарин сенария» ин хоҳад буд, ки Теҳрон акнун аз Аҳдномаи Манъи Густариши Силоҳҳои Атомӣ хориҷ шавад. Макрон пас аз нишасти Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел ба хабарнигорон гуфт, ки барои ҳифзи ин аҳднома рӯзҳои оянда бо панҷ узви Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид гуфтугӯ хоҳад кард. Суҳбатҳо дар ин бора пештар ва бо гуфтугуе бо Доналд Трамп дар рӯзи 26 июн оғоз шудааст ва Макрон гуфт, ба раиси ҷумҳури Амрико иттило дод, ки Фаронса дар «рӯзҳо ва соатҳои гузашта» бо Теҳрон тамосҳое доштааст.
Макрон гуфт: «Умеди мо ин аст, ки дидгоҳҳо ба ҳам наздик шавад.» Ӯ афзуд ҳадаф ин аст, ки барномаи ҳастаии Эрон аз сар гирифта нашавад. Эрон соли 1970 ба Аҳдномаи Манъи Густариши Силоҳҳои Атомӣ пайвастааст ва дар асоси он уҳдадор аст, ки дар бораи таъсисоти атомӣ ва ё моддаҳои ҳастаии худ ба Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ гузориш диҳад.