Дар чанд ҷумла
Амур Темурро муҷозот дод

Боғи ҳайвоноти Примори Русия навореро нашр кард, ки дар он дида мешавад, паланг Амур барои рафтори ношоиста буз Темурро муҷозот медиҳад.
Дар сомонаи боғи вуҳуш омадааст, ки Темурри беҳаё билохира Амурри пурсабрро ба хашм овард. Темур Амурро бо шохҳояш мезад ва нағмабозӣ мекард. Билохира Темур ба Амур ҳамла кард. Амур аз ҷояш бархест ва Темурро мисле, ки гурбаро ҳаво медиҳанд, ҳаво дод. Баъди ин паланг дубора ба хоб рафт. Амур ба Темур ҳамла накард. Амури пурсабр Темурри беҳаёро муҷозот дод”.
Кормандони боғи ҳайвонот Темурро барои муоина бурдаанд. “Дар ҳоли ҳозир Темур худро хуб эҳсос мекунад”, - омадааст дар сомонаи боғи вуҳуши Примори Русия.
Ёдрас мешавем, паланг Амур ва буз Темур дар боғи ҳайвоноти Примор бо ҳамдигар унс гирифтанд. Амур ба буз ва харгӯшҳо ҳамла мекунад. Аммо ин бузро вай сайд накард.
Кормандони боғи ҳайвонот ин бузро барои ҷасораташ Темур ном ниҳоданд. Буз палангро пешвои худ интихоб карда, ҳама ҷо ба дунболи вай мегардад.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Ароқчӣ: зерсохтҳои ҳастаии Эрон дар ҷанг "осеби ҷиддӣ диданд"

Вазири корҳои хориҷии Эрон мегӯяд, дар ҷанги 12 рӯза бо Исроил, зерсохтҳои ҳастаии Эрон "осебҳои ҷиддӣ" дидааст.
Аббос Ароқчӣ шоми 26-уми июн дар як барномаи телевизионӣ гуфт, коршиносони Созмони энержи ҳастаии Эрон зарари расида ба зерсохтҳои атомиро баррасӣ доранд. Ароқчӣ бидуни овардани ҷузъиёти бештар танҳо гуфт, ба ин таъсисот "осеби ҷиддӣ ворид шуд."
Вазири корҳои хориҷии Эрон ҳамчунин гузоришҳо дар бораи музокирот бо Амрикоро рад кард. Аббос Ароқчӣ гуфт, аз замони ҳамлаи Исроил, ягон тавофуқе барои музокира бо ИМА ҳосил нашудааст. Як рӯз пеш Доналд Трамп гуфта буд, намояндагони Амрико ва Эрон ҳафтаи оянда гуфтугӯ хоҳанд кард.
Дар айни замон Трамп гуфт, хоҳиши музокирот дар бораи барномаи ҳастаии Эронро надорад, чун ба гуфтааш ҳамлаҳои Амрико зерсохтҳои ҳастаии Эронро аз байн бурд.
Расонаҳои амрикоӣ бо такя ба манобеи номаълум навиштанд, ки бомборони се таъсисоти муҳим барномаҳои ҳастаии Эронро фақат барои чанд моҳ ақиб андохтаанд. Доналд Трамп ин хабарро рад карда гуфт, ният аз нашри ин гузоришҳо "кӯчак нишон додани яке аз муваффақтарин ҳамлаҳои низомии таърих" аст.
Ҳавопаймоҳои Амрико шаби 21-уми июн ба се иншооти ҳастаии Эрон - Форду, Натанз ва Исфаҳон бомбҳои азиме андохтанд.
Тафсилоти парвандаи "Крокус". Гумонбарон нишондоди худро дигар кардаанд

Хабаргузории ТАСС баъзе ҷузъиёти парвандаи ҳамла ба "Крокус"-ро нашр кардааст, ки дар он дида мешавад, гумонбарони асосӣ аз нишондоди аввали худ даст кашидаанд.
ТАСС бо такя ба маводҳои парванда навиштааст, созмондиҳандагони ҳамла ба иҷрочиён, яъне ба чор шаҳрванди Тоҷикистон 1 миллион рублӣ ваъда додаанд. Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фаридуни Шамсиддин дар аввал гуфта буданд, ки барои ҳамла ба “Крокус” ба онҳо дар умум 500 ҳазор рубл ваъда шуда буд. Бисёриҳо ба ин чиз шубҳа карданд, ки чигуна барои ним миллион рубл ин нафарон чунин кушторро анҷом додаанд?
Ба гузориши ТАСС, Фаридуни Шамсиддин, яке аз гумонбарони асосӣ гуфтааст, ӯ то ҳамла ба “Крокус”, аз як фармоишгар бо номи Сайфулло тариқи ҳамёни “Сбербанк” 500 ҳазор рубл гирифта, пулро барои хариди мошин ва иҷораи хонаву хӯрок сарф кардаанд. Ин нишондод бори аввал садо медиҳад. Фаридуни Шамсиддин дар рӯзҳои аввали боздошт боздошт гуфта буд, барои иҷрои ҳамлаи террористӣ аз "ёрдамчии рӯҳонӣ" 500 ҳазор рубл гирифтааст. Маълум нест, ки Фаридуни Шамсиддин ва дигар гумонбарон таҳти кадом шароит нишондоди худро тағйир доданд.
Дар Тоҷикистон бисёриҳо бо ишора ба номувофиқатӣ ва эътирофҳои зери шиканҷа ба фарзияи расмии Русия шубҳа доранд.
Кумитаи тафтишотии Русия эълон кардааст, ки ҳамла ба толори консертии "Крокус" аз сӯи мақомдорони украинӣ тарҳрезӣ шудааст. Киев қаблан ҳамагуна даст доштан дар ин ҳамларо рад карда буд. Баръакс гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" бо нашри навори ҳамла, масъулияти ҳодисаро ба дӯш гирифт.
Кумитаи тафтишоти Русия мегӯяд, тафтишот алайҳи ду ташкилкунандаи ин ҳамла ва чор ширкатдори эҳтимоли он идома хоҳад кард. Ин афрод таҳти таъқиб буда, вале номашон ифшо намешавад.
Парвандаи ҳамла ба “Крокус” ин ҳафта ба додситонӣ фиристода шуд ва аз онҷо ба додгоҳ меравад. ТАСС навишт, парвандаро Додгоҳи ҳарбии 2-юми ҳавзаи ғарбӣ баррасӣ хоҳад кард. Дар доираи ин парванда 19 нафар боздошт шудаанд, ки аксарашон шаҳрвандон ё зодагони Тоҷикистон ҳастанд.
Дар ҳамла ба "Крокус", ки моҳи марти соли 2024 иттифоқ афтод, 145 нафар куштаву беш аз 500 кас захмӣ гардид.
Расонаҳо: волии Бадахшони Афғонистон бо намояндагони Тоҷикистон вохӯрд

Волӣ ё раиси Вилояти Бадахшони Афғонистон, ки зери назорати ҳукумати Толибон кор мекунад, бо намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон вохӯрдааст. Дар ин бора хабаргузории "Бохтар"-и Афғонистон гузориш додааст.
Ба гузориши манбаъ, Мавлавӣ Муҳаммад Холид, волии вилояти Бадахшони Афғонистон ва намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар бораи мустаҳкам кардани равобити дуҷониба дар бахшҳои иқтисод, савдо, фарҳанг, интиқолу молу коло ва амният дар сарҳад гап задаанд.
Волии Бадахшон аз намояндагони Тоҷикистон даъват кардааст, ки ҳамкориҳои дуҷонибаро бештар кунанд. Мақомоти Тоҷикистон дар бораи ин вохӯрӣ расман хабаре надодаанд. Оҷонсии "Бохтар" навиштааст, намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон ваъда додаанд, ки барои "таҳкими равобит ва эҳёи эътимод миёни Афғонистон ва Тоҷикистон" талош мекунанд.
Тоҷикистон аз соли 2021 ба ин сӯ аз эътирофи расмии ҳукумати Толибон худдорӣ мекунад. Душанбе аз мунтақидони сарсахти Толибон дар солҳои гузашта буд. Вале бо вуҷуди ин танқидҳо, Тоҷикистон додугирифт, азҷумла интиқоли барқ ва содирот ба Афғонистонро дар замони ҳукумати Толибон идома дод.
Дар Тоҷикистон як нерӯгоҳи нави барқи обӣ ба кор андохта шуд

Дар Тоҷикистон як нерӯгоҳи нави барқи обиро ба кор андохтанд, ки мумкин аст, таъмини кишвар бо нерӯи барқро андаке беҳтар кунад.
Неругоҳи “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъаро рӯзи 26 июн бо ҳузури раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Нерӯгоҳи иборат аз се агрегат ва 11 мегаватӣ қодир ба таъмини 220 000 нафар бо нерӯи барқ аст.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии кишвар бо нашри як баёнияи расмӣ гуфтааст: “Мавриди истифода қарор гирифтани Неругоҳи Себзор имкон фароҳам овард, ки дар Бадахшон истеҳсоли неруи барқ 25 фоиз зиёд ва эътимоднокию сатҳи таъминоти барқ беҳтар шавад.”
Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар додааст, ки лоиҳа бо маблағгузории муштараки Олмону Иттиҳоди Аврупо ва аз ҷониби ширкати "Помир Энерҷӣ" амалӣ карда шуд. Ба гузориши намояндагии ИА, неругоҳи "Себзор" 220 ҳазор касро дар ВМКБ ва беш аз 430 ҳазор нафари дигарро дар шимоли Афғонистон бо барқ таъмин мекунад.
Сохтмони нерӯгоҳ соли 2015 оғоз ёфт. Дарозии сарбанди неругоҳ 65 метр ва баландиаш 8.5 метр аст. Тоҷикистон агарчӣ дар фасли тобистон нерӯи барқи беш аз эҳтиёҷи худ тавлид мекунад, аммо ҳар мавсими сармо мардум нерӯи барқро дар соатҳои муайян мегиранд ва ҳукумат барои ин кор пайваста танқид мешунавад.
Дар Арманистон 14 нафар бо иттиҳоми талоши табаддулот боздошт шудаанд

Мақомоти қудратии Арманистон 14 нафар, азҷумла чанд мунтақиди ҳукуматро бо иттиҳоми талоши табаддулоти давлатӣ боздошт кардаанд. Дар миёни онҳо як руҳонии мунтақиди ҳукумат низ ҳаст.
Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон гуфт, ки мақомоти қудратӣ аз як табадуллот пешгирӣ карданд. Пашинян доираҳои ҷиноятӣ ва руҳониёнро дар ин кор муттаҳам кард. Мухолифони ҳукумат ин боздоштҳоро таъқиби сиёсӣ гуфтанд.
Аз субҳи барвақти 25-уми июн пулис дар манзили аъзоёни ҷунбиши “Муборизаи муқаддас” кофтукоб анҷом дод. Роҳбари ин ҷунбиш усқуф ё руҳонии шинохта Баграт (Галстанян) ба Кумитаи тафтишотӣ бурда шудааст. Ба ғайр аз ин, Артур Саркисян, вакил аз ҳизби мухолифин низ боздошт шудааст. Тарафдорони мухолифин дар назди бинои Кумитаи тафтишот ҷамъ шуданд.
Пештар нашрияи армании Civic гузориш дод, ки ба дасти онҳо нақшаи табаддулот расидааст, ки аз сӯи мухолифин омода шуда буд. Саҳифаи нахуствазири Арманистон ҳам ин хабарро нашр кард. Вале Элинар Варданян, вакил аз ҳизби мухолифин гуфт, тафтиш ва боздоштҳои ахирро таъқиби сиёсӣ аст.
Дар Тоҷикистон молиёт барои сигорро ду баробар боло бурданд

Дар Тоҷикистон меъёри андози аксиз барои маҳсулоти аз тамоку истеҳсолшаванда, аз ҷумла, сигор ду баробар зиёд шуд. Қарори ҳукумат дар ин бора охири моҳи май тасвиб шудааст.
Бар асоси тартиби нав, минбаъд аз ҳазор дона сигор ё маҳсулоти ивазкунандаи он, 17 евро (195 сомонӣ) андози аксиз ситонида мешавад. То ин вақт аксиз барои ин намуд маҳсулоти тамоку 8,5 евро (97 сомонӣ) буд.
Инчунин минбаъд аз ҳазор дона сигарет 19 евро ( 218 сомонӣ) андози аксиз гирифта мешавад. Қаблан ҳаҷми ин навъ молиёт барои сигарет 9,8 евро (112 сомонӣ) буд.
Ҳукумати Тоҷикистон бори ахир соли 2018 меъёри андози аксиз барои сигор ва сигаретро боло бурда буд. Аксиз молиёт ё андозе аст, ки асосан барои маҳсулоти барои саломатӣ зиёновар пешбинӣ шудааст.
То ҳол дар Тоҷикистон барои машрубот, тамоку ва иртиботи мобилӣ аксиз муқаррар шудааст. Ҳукумат ахиран барои нӯшобаҳои нерудиҳанда ҳам андози аксиз ҷорӣ кард.
Ҳукумати Тоҷикистон сиёсати "Осмони боз" эълон кард

Ҳукумати Тоҷикистон дар бахши ҳавонавардӣ сиёсати "Осмони боз"-ро эълон кардааст. Қарори ҳукумат 12-уми июн тасвиб шуда, Радиои Озодӣ ду ҳафта баъд бо нусхаи он шинос шуд.
Бар асоси тартиби нав, Тоҷикистон низоми паритет ё баробарӣ дар парвозҳоро бекор мекунад. Қаблан парвозҳо ба Тоҷикистон ё аз инҷо ба дигар кишварҳо, миёни ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ва ширкатҳои давлати дигар баробар тақсим мешуд.
Бар асоси қарори ҳукумат, инчунин бисёр маҳдудиятҳо барои ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ бекор карда мешавад. Аз ҷумла, ҳамаи маҳдудиятҳо дар зичии парвозҳо ва ё шумораи ҷойҳои нишаст, шумораи таъинот дар хатсайр, маҳдудиятҳои тарифӣ барои интиқоли байналмилалии ҳавоӣ ва маҳдудиятҳо барои шумораи ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз байн бурда мешаванд.
Вале дар қарори ҳукумат ишора шудааст, ки баъзе маҳдудиятҳо феълан боқӣ мемонанд. Азҷумла низоми паритет ё баробарӣ дар парвозҳо дар 18 самт то се соли дигар боқӣ мемонад. Ин 18 самтро Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандӣ маълум мекунад. Мақомот гуфтанд, маҳдудиятҳо дар ин 18 самт баъди се сол пурра аз байн мераванд.
"Осмони боз" як таҷрубаи байналмилалӣ аст, ки назорати давлатро бар таъйини хатсайрҳо, нархи билети парвоз ва бисёр маҳдудиятҳо аз байн мебарад.
Масъалаи ҷорӣ кардани низоми "Осмони боз" дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 2018 дар як ҷаласаи шӯрои машваратии беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ бо ҳузури раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон садо дода буд. Он замон президент ба Оҷонси ҳавонавардӣ супориш дода буд, ки барои амалӣ кардани ин сиёсат ва бештар кардани хатсайрҳои ҳавоӣ чораҳои зарурӣ андешад.
Бархе коршиносон қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, инҳисорталабон ё монополистони бозори ҳавоӣ дар кишвар иҷозаи пурра амалӣ шудани низоми "Осмони боз"-ро шояд надиҳанд.
Вазири дифои Амрико арзёбиҳои ҳамла ба Эронро "ибтидоӣ" номид

Пит Ҳегсет, вазири дифои Амрико гузоришҳои беруномада аз як арзёбии ҳукуматӣ дар бораи зарбаҳо ба се таъсисоти атомии ураниум дар Эронро тасдиқ кард, вале онҳоро «ибтидоӣ» ва «начандон боварибахш» номид. Пештар аз ин чанде аз расонаҳои амрикоӣ бо такя ба афроди огоҳ аз ин арзёбӣ навиштанд, ки бомбборони се маркази асосии атомии Эрон барномаи ҳастаии ин кишварро фақат барои чанд моҳ ба ақиб андохтаанд.
Раиси ҷумҳур Доналд Трамп ва Пит Ҳегсет, ки рӯзи 25-уми июн дар ҳошияи нишасти НАТО дар шаҳри Гаагаи Ҳолланд бо хабарнигорон суҳбат мекарданд, қаблан гузоришҳои расонаҳоро ғаразмандона хонданд. Ҳарду барои ширкат дар нишасти НАТО ба инҷо омадаанд. Пит Ҳегсет гуфт, ки FBI ва ё Хадамоти Таҳқиқоти Федеролии Амрико ба тафтиши он мепардозад, ки чӣ гуна арёзбии Хадамоти Иттилоотии Дифоии Амрико, як шохаи вазорати дифо ба дасти расонаҳое ба мисли См Эн Эн, Ню Йорк Таймс, Вашингтон Пост ва Рейтерс афтодааст.
Дар арзёбӣ омадааст, ки бомборони се таъсисоти атомии Эрон ва аз ҷумла таъсисоти зеризаминии ғанисозии ураниуми Форду натавонистааст, таркибҳои асосии барномаи атомии Эронро нобуд кунад, баръакси гуфтаи Доналд Трамп, ки гуфт, ҳамлаҳо таъсисоти ғанисозии атомии Эронро “комилан ва батамом” аз байн бурдаанд.
Доналд Трамп ба хабарнигорон дар Гаага гуфт, агарчӣ “арзёбӣ ба хулосаи ниҳоӣ нарасидааст, аммо ба бовари ӯ садамаҳо “бисёр сахт” будаанд. Доналд Трамп гуфт, ки таъсисот “батамом нобуд шудаанд” ва ҳамлаҳо барномаҳои атомии Эронро “даҳсолаҳо” ба ақиб андохтанд. Ӯ афзуд: “Онҳо солҳои дароз бомб сохта наметавонанд.”
Аз замони бомбборони 21-уми июн аз тарафи Иёлоти Муттаҳида, набуди иттилооти дақиқ аз натиҷаи ҳамлаҳо боиси гумоназаниҳо дар бораи таъсиру самари амалиёт шудааст. Ҳавопаймоҳои Амрико шаби 21-уми июн ба се иншооти ҳастаии Эрон - Форду, Натанз ва Исфаҳон бомбҳои азиме андохтанд. Трамп ин ҳамлаҳоро "бисёр муваффақиятомез" номид.
Дар Қирғизистон вебсайтҳои порнографиро дастнорас мекунанд

Порлумони Қирғизистон қонунеро қабул кард, ки бар асоси он ширкатҳои дастраскунандаи интернет вазифадоранд, дастрасӣ ба вебсайтҳои порнографиро ба тамом қатъ кунанд.
Дар қонуне, ки вакилони мардумии ҳамсоякишвари Тоҷикистон рӯзи 25-уми июн қабул карданд, мафҳуми “муҳтавои дорои таркибҳои порнографӣ” тасдиқ ва нашри он дар Қирғизистон манъ шудааст.
Дар сурати риоят накардани қонун провайдерҳо ва ё таъминкунандагони интернет ҷарима ва ё аз ҳаққи кор маҳрум мешаванд. Ба қавли вакилон, ҳадаф аз қабули қонун, “ҳифзи арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии ҷомеа” дар Қирғизистон аст.
Марлен Маматалиев, яке аз муаллифони қонун гуфтааст: “Мо имкон фароҳам мекунем, ки ингуна муҳтавои ғайриахлоқӣ, ки бо арзишҳои мардуми мор мувофиқ нестанд ва ба насли ояндаи кишвар зарар мерасонанд, дастнорас карда шавад. Ман медонам, мо ин вебсайтҳоро дар як рӯз баста наметавонем, вале ин қадами аввал аст.”
Азамат Асанов, муовини раиси Хадамоти назорат бар соҳаи мухобирот дар Қирғизистон гуфтааст, ки провайдерҳо қодир ба дастнорас кардани вебсайти муайяне ҳастанд, вале имкони дастрасӣ ба ба онҳо аз тариқи VPN эҳтимол дорад.
Дар Русия даҳ "нозири шариат"-ро муҳокима мекунанд

Дар яке аз ҷумҳуриҳои умдатан мусулмоннишини Русия даҳ нафареро муҳокима мекунанд, ки мисли Толибон дар Афғонистон мардумеро, ки бар тибқи фармудаҳои шариат рафтор намекардаанд, ҷазо медоданд.
Бино ба гузориши Телевизиони «Настояшее Время» онҳо ба таъсиси созмони ифротгаро муттаҳам мешаванд. Раёсати тафтишот дар вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қабардину Балқар тафтишипарвандаи ин 10 нафарро рӯзи 24-уми июн ба поён расонда барои муҳокима ба додгоҳ фиристодааст.
Раҳбар ва муассиси ин гурӯҳ Асхат Чеченови 41-сола будааст. Онҳо ба “даъвати оммавӣ ба фаъолияти экстремистӣ” ҳам гумонбар дониста шудаанд. Ин афрод худро нозирони шариат медонистанд ва ба гуфтаи муфаттишон аз соли 2017 то 2023 сокинонеро, ки мутобиқ бо ақидаҳои ифротии динии онҳо зиндагӣ намекарданд, «ҷазо медодаанд.»
Аз ҷумла онҳоро калтаккӯб мекардаанд ва ё фишори равонӣ меовардаанд, ки мутобиқ ба хостаҳои онҳо ва «бар тибқи қонунҳои шариат» зиндагӣ кунанд. Дар парванди онҳо 16 нафар ҷабрдида будаанд.
Ҳафт низомии исроилӣ дар Ғазза кушта шуданд

Мақомоти интизомии Исроил гуфтанд, ки ҳафт низомӣ, аз ҷумла, як афсар ва шаш сарбоз рӯзи сешанбе дар ҷануби навори Ғазза ба ҳалокат расиданд.
Дар изҳороти артиши Исроил аз рӯзи 25 июн гуфта мешавад, ки ҳамчунин дар як ҳодисаи ҷудогона, чандин сарбози дигар дар навори Ғазза захмӣ шудаанд.
Хабаргузории "Рейтерз", бо такя ба расонаҳои исроилӣ навишт, ин ҳафт низомии исроилӣ дар шаҳри Хон Юнус бар асари бомбагузорӣ шудани васоили нақлиёти онҳо, ки дар оғоз таркид ва сипас оташ гирифт, ба ҳалокат расиданд.
Ҷанг дар Ғазза 7 октябри соли 2023 бо ҳамлаи созмони фаластинии "Ҳамос" ва гурӯҳҳои ҳампаймони он ба Исроил, оғоз шуд. Дар ин ҳамла 1200 нафар кушта ва беш аз 250 нафар ба гарав гирифта шуд. Амрико ва Аврупо "Ҳамос"-ро созмони террористӣ медонанд.
Ба гуфтаи вазорати тандурустии Ғазза, ки зери назорати "Ҳамос" аст, дар ҳамлаҳои Исроил то кунун дар Ғазза беш аз 56 ҳазор нафар кушта шудаанд. Аксари ин кушташудаҳо занон ва кӯдакон мебошанд. Беш аз 2 миллион аҳолии ин минтақа беҷо шудаанд ва мардум аз қаҳтӣ ва гуруснагӣ ранҷ мебаранд.
Ба иттилои мақомоти интизомии Исроил, аз оғози моҳи июн то кунун дар ҷараёни ҷанг дар Ғазза 19 низомӣ кушта шудаанд.
Дар Душанбе ду писарро аз модарашон гирифтанд

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ду наврасро аз модарашон гирифта, ба мактаб-интернат додааст.
Раёсати корҳои дохилии пойтахт бо нашри ин хабар гуфт, ин наврасон чанд маротиба барои оворагардӣ ва талбандагӣ ба идораи пулис бурда шуданд.
Назари модари ноболиғон ба ҳарфҳои мақомот маълум нест.
Дар хабарномаи расмӣ омадааст, ду наврас аз сӯи модарашон, ки зиндагии носолим дошт, ҳамеша мавриди азияту озор қарор мегирифтанд. Пулис синну сол, номи зан ва ду писарашро зикр накардааст.
Дар ҳоле, ки назари модари наврасон маълум нест, пулис ҳамчунин ӯро муттаҳам кардааст, ки фарзандонашро ба талбандагӣ маҷбур мекард.
Ин бори аввал нест, ки дар Душанбе фарзандонро аз модарашон гирифта, ба мактаб-интернати давлатӣ медиҳанд.
Моҳи апрели имсол ду кӯдаки 8 ва 10-соларо аз модарашон ҷудо карда, ба интернат доданд. Мақомот он вақт ҳам гуфта буданд, модарашон ин кӯдаконро мезад ва ба талбандагӣ мефиристод. Назари модари наврасон ба ин қазия маълум нашуд.
Кодекси оилаи Тоҷикистон ба мақомот иҷозат медиҳад, ки дар сурати аз ӯҳдаи тарбияи фарзандон набаромадани волидайн, кӯдаконро аз онҳо гирифта, ба мактабҳои давлатӣ диҳанд. Дар ин ҳолат волидайн аз ҳаққи падару модарӣ пурра маҳрум карда намешаванд.
Тоҷикистон аз оташбас миёни Исроил ва Эрон истиқбол кард

Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Исроил ва Эрон истиқбол кардааст. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон шоми 24-уми июн дар изҳороти гуфт, Душанбе умед дорад, "ин созиш ба ҷанге, ки бо нақзи тамоми ҳуқуқи байналмилалӣ оғоз шуда буд, хотима мебахшад ва барои сулҳи пойдор дар Ховари Миёна заминаи мустаҳкам хоҳад гузошт".
Оташбас миёни Эрон ва Исроил аз субҳи 24-уми июн оғоз шуд, ҳарчанд ду тараф ҳамдигарро ба вайрон кардани он муттаҳам карданд. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико чанд соат баъд аз эълони оташбас ҳам Исроил ва ҳам Эронро ба риоят накардани созиш муттаҳам кард ва бахусус аз Исроил хост, бомборони Эронро бас кунад.
Рӯзи 13 июн Исроил ба Эрон ҳамлаҳои ғофилгиронае анҷом дод ва таъсисоти атомиву донишмандони ҳастаии кишвар ва фармондеҳони низомиашро ҳадаф гирифт. Рӯзи 22 июн Амрико ҳам ба ин ҳамлаҳо пайваст ва ба се таъсисоти муҳими атомии Эрон бомбаҳои азиме андохт. Дар посух Эрон ба ду пойгоҳи Амрико дар Қатар ва Ироқ мушак партофт, ҳарчанд мақомоти Қатар гуфтанд, ин ҳамлаҳо хисороте дар пай надоштанд.
Ин даргирӣ аз ҳарду тараф даҳҳо нафарро қурбон кард. Вазири тандурустии Эрон эълом кард, ки дар ҷараёни 12 рӯзи ҷанг 606 нафар дар Эрон кушта шуда, қариб 5 ҳазор кас маҷруҳ шудааст. 107 нафар ба гузориши расонаҳои расмии Эрон дар 24 соати ахири ҷанг пеш аз ба иҷро даромадани созиши оташбас, ҳалок шуданд. Мақомоти Исроил эълом карданд, ки дар пайи ҳамлаҳои мушакии Эрон 28 исроилӣ ба ҳалокат расида, қариб якуним ҳазор кас захмӣ шудаст.
Саида Мирзиёева як ёвари аслии падараш Шавкат Мирзиёев шуд

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон дигарбора мақоми раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳуриро барқарор карда ва духтараш Саида Мирзиёеваро дар ин мақом гузоштааст.
Мансаби мазкурро Шавкат Мирзиёев соли 2023 аз байн бурд ва раиси онвақта Сардор Умурзоқовро мушовири махсуси президент таъйин кард. Саида Мирзиёева аз соли 2023 дастёри раиси ҷумҳури Узбекистон аст ва то он сол, раҳбари бахши робита бо ҷомеа ва сиёсати иттилоотии дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ буд.
Дар Тоҷикистон ҳам сардори дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ Озода Раҳмон, духтари президент Эмомалӣ Раҳмон аст. Мусоҳибони бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфтаанд, дар зинаҳои ҳукуматӣ боло рафтани Саида Мирзиёева баёнгари он аст, ки раиси ҷумҳур дар идораи давлат фақат ба хонавода ва атрофиёни наздикаш такя мекунад ва ё фарзандони худро барои мақомҳои баландтар омода месозад.
Ба гуфтаи сиёсатмадорони узбек, Мирзиёев шояд ба Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури собиқи Туркманистон пайравӣ кунад, ки мақоми хешро ба писараш Сардор Бердимуҳаммадов дод.
Дар Гурҷистон чаҳор сиёсатмадорро ба зиндон маҳкум карданд

Додгоҳи Гурҷистон раҳбарони се ҳизби мухолифи давлатро аз 7 то ба 8 моҳи зиндон маҳкум кардааст.
Дар муҳокима дар шаҳри Тифлис дар рӯзи 23-уми июн додрас ҳамчунин ҳарсе нафарро барои ду сол аз ҳаққи кор дар идораҳои давлатӣ маҳрум кард. Бар асоси қарори додгоҳ, Мамук Хазарадзе ва Бадри Ҷапаридзе, муассисон ва раҳбарони ҳизби Гурҷистони тавоно бояд 8 моҳ ва Зураб Ҷапаридзе, муассиси ҳизби “Гирчи” ҳафт моҳи зиндагиашонро паси панҷара сипарӣ кунанд.
Сиёсатмадорони гурҷиро бо гуноҳи наомадан ба ҷаласаи комиссияи тафтишотии порлумонӣ ҷазо додаанд, ки фаъолияти ҳукумати пешинро таҳқиқ мекард. Зураб Ҷапаридзе пеш аз эълони ҳукм дар боздошт буд.
Мамук Хазарадзе ва Бадри Ҷапаридзеро шоми 23-уми июн дар назди тарафдоронашон, намояндагони дигар нерӯҳои мухолифи давлат ва Саломе Зурабишвили, раиси ҷумҳури собиқи Гурҷистон дастгир карда, бурданд. Ҳар чаҳор сиёсатмадор мегӯянд, ки гуноҳе накардаанд ва таъқиби онҳо дорои ангезаҳои сиёсӣ аст.